Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: Беш аз 2 миллион симкорт сабт нашудааст


Беш аз ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, "аз ду миллиону 15 ҳазор симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 882 ҳазораш фаъол ҳастанд".

Ӯ ба суоли Радиои Озодӣ, ки боз ҳам мӯҳлати сабтиноми симкортҳо дароз мешавад ё на, посухи рӯшан надод ва танҳо гуфт, "ширкатҳои мобилӣ ин имконро доранд ва ҳатто барои ҳавасманд кардани муштариён ба онҳо бастаҳои интернетӣ туҳфа мекунанд".

Дар Тоҷикистон соли 2014 шиносномаҳои кӯҳнаро ба шиносномаҳои пластикии шакли нав иваз карданд. Аз он сол то кунун борҳо мақомот ба шаҳрвандон мӯҳлат доданд, то ба шиносномаҳои шакли нав симкортҳояшонро сабт кунанд. Бар асоси омори расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи умумии муштариёни ширкатҳо ба 8,3 млн баробар аст, ки аз ин 6,4 млн ададашон фаъоланд.

Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва танқидҳои зиёдеро дар пай дошт.

Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG