Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон таҳримҳоро алайҳи Русия барои Украина пурзӯр кард


Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон хабар дод, ки кишвараш дар доираи таҳримҳо алайҳи Маскав барои ҳамлаи низомӣ ба Украина аз 3-юми феврал содироти ваксина, таҷҳизоти тиббӣ ва роботҳоро ба Русия манъ мекунад.

Ҳамчунин фурӯши таҷҳизоти ҷопонӣ барои иншооти ҳастаӣ, иктишофи нафту гази табиӣ ба Русия манъ хоҳад шуд.

Ба ин рӯйхат дастгоҳҳои муайянкунандаи маводи тарканда, генераторҳои сайёр ва дастгоҳҳои кафшергарии лазерӣ низ шомил мешаванд. Ин маҳдудияти содиротии Ҷопон ба 49 ширкати Русия дахл мекунад.

Ҷопон рӯйхати шахсиятҳои таҳримшудаи Русияро низ афзоиш дод. Токио тасмим гирифта, ки дороиҳои 22 нафар ва 3 ширкат аз Русияро масдуд кунад.

Вазири адлия Константин Чуйченко, муовини нахуствазир Андрей Белоусов, раиси Кумисюни марказии интихоботӣ Элла Памфилова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Мария Лвова-Белова ва сиёсатшинос Александр Дугин ҳадафи таҳримҳои Ҷопон қарор гирифтаанд.

Токио зидди ширкатҳои русии "Иркут", "Московский машиностроительный завод "Авангард" ва "КАМАЗ" ҳам таҳрим ҷорӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG