Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, бо як сафари расмии дурӯза вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, шуд.
Ӯро дар фурудгоҳ Содир Ҷабборов (Жапаров) истиқбол гирифт. Интизор меравад, раҳбарони ду кишвар равобити дуҷонибаро баррасӣ карда, чанд созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бораи таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Узбекистон ба имзо расонанд.
Ду тараф дар ин замина солҳои дароз ихтилофи назар доштанд.
Моҳи октябри соли 2022 мақомоти Қирғизистон моҳи октябр 20 сиёсатмадор ва фаъолони маданиро барои эътироз ба зидди созишномаи марзӣ дастгир карда буданд.
Гуфтугӯ