Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти парвандаи Улфатхоним Мамадшоева ва дигаронро эълон карданд


Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқзода
Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқзода

Додситонии кулли Тоҷикистон баъзе аз ҷузъиёти парвандаи фаъолонро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шарҳ дод. Дар ҳоле ки пайвандони Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Хурсанд Мамадшоев ва Манучеҳр Холиқназаров ба бегуноҳии онҳо таъкид мекунанд, додситонӣ онҳоро ба ҷиноятҳои вазнин гунаҳкор кардааст. Мақомот тасдиқ карданд, парвандаи онҳо дар ҷаласаҳои пӯшида баррасӣ шуд.

Улфатхоним Мамадшоева

Дафтари матбуоти Додситонии кул рӯзи 26-уми январ бо пахши изҳороте гуфт, Улфатхоним Мамадшоева ба даҳ иттиҳом, аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, одамкушӣ, терроризм, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ва ғайра гунаҳкор дониста шудааст. Худи Мамадшоева пеш аз боздошт иттиҳоми мақомотро рад карда буд.

Масъулони Додситонӣ гуфтанд, Мамадшоева ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст. Пештар наздикони Мамадшоева ҳукми ӯро 21 сол гуфта буданд. Ба хотири пӯшида будани мурофиа дарёфти иттилоъ аз мурофиа мушкил буд.

Улфатхоним Мамадшоеваро рӯзи 18-уми майи соли 2022 дар хонааш дар Душанбе дастгир карданд. Як рӯз пеш аз боздошт Вазорати корҳои дохилӣ Мамадшоеваро ба он муттаҳам кард, ки ҳамроҳи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Алим Шерзамонов талош доранд, вазъиятро дар ВМКБ ноором созанд.

Хонум Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон иттиҳоми эълонкардаи мақомотро рад карда буд. Баъд аз суҳбат бо Мамадшоева, шахсони ношинос ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва «Настояшее время» ҳамла карда, навори мусоҳиба ва дастгоҳҳои кории онҳоро гирифтанд. Мақомот мегӯянд, то ҳол ин афродро наёфтаанд.

Фаромуз Иргашев

Додситонии кул Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқшиноси ҷавонро, ки мехост, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад, ба “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, сӯиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ифротгароӣ” гунаҳкор кардааст.

Инки ҳуқуқдон дар мурофиаи додгоҳӣ чӣ гуфтааст, маълум нест. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доштанд. Ба иттилои Додситонии кулл, Иргашов ба 29 сол зиндон маҳкум шудааст. Пештар додситонӣ барои ӯ 30 сол зиндон талаб карда буд.

Манучеҳр Холиқназаров

Дар изҳороти додситонӣ, инчунин, қазияи Манучеҳр Холиқназаров, роҳбари “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”, Хурсанд Мамадшоев, узви “Комиссияи 44” ва блогер Хушрӯз Ҷумъаев ҳам қисман шарҳ дода шудааст.

Додситонӣ гуфтааст, Холиқназаров ба “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” гунаҳкор ва 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Манучеҳр Холиқназаров иттиҳомро рад кардааст.

Дар ҳоле ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомот озодии фаъолони Бадахшонро талаб карданд, Додситонии кул онҳоро “аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноии ВМКБ” ном бурдааст.

Паси дарҳои баста. Чаро?

Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки парвандаи фаъолони Бадахшон “дар маҷлисҳои пӯшидаи судӣ баррасӣ карда шудаанд.” Вале шарҳ надодаанд, ки чаро. Ҳамчунин бо кадом далелҳои мушаххас исбот шудани айбномаи афроди номбаршуда низ зикр наёфтааст.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ боздошти фаъолони Бадахшонро танқид карда, озодии онҳоро талаб намуданд. Аз ҷумла, Дидбони ҳуқуқи башар як моҳ пеш ҳукми зиндони шаш фаъоли мадании бадахшониро маҳкум кард ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, “ҳамлаҳои бесобиқаро алайҳи шаҳрвандони худ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бас кунад.”

Даҳҳо нафар аз фаъолони ВМКБ ба дунболи эътирозҳои моҳи майи соли гузашта боздошт шуданд. Эътироз дар Хоруғу Рӯшон моҳи майи имсол ва бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа ва истеъфои раиси шаҳри Хоруғу раиси вилояти Бадахшон шуруъ шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки дар амалиёти якмоҳа 29 узви гуруҳи ҷиноиро дар вилоят аз байн бурданд. Радиои Озодӣ номи 34 кушташударо гирд овард. Пайвандонашон гуфтанд, онҳо узви гуруҳи ҷиноӣ набуданд, балки ба ҳимоят аз ҳуқуқи худу атрофиён ба кӯчаҳо баромаданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG