Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби як созмони ҳомии ҳуқуқ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаров
Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаров

Федератсияи Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар бо як муроҷиатномаи боз ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва мансабдорони дигари кишвар хостааст, ки чаҳор фаъоли маданиро аз Бадахшон бидуни қайду шарт ва фавран озод кунанд.

Таъмини ҳуқуқи озодии баён ва гирдиҳамоии осоишта дар Тоҷикистон аз хостҳои дигари Федератсия аст.

Дар муроҷиатнома аз рӯзи 19-уми декабр омадааст, бояд тамоми иттиҳомот ба зидди Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Хурсанд Мамадшоев ва Манучеҳр Холиқназаров аз байн бардошта шавад.

Муаллифон ҳамзамон хостаанд, мақомот иддаоро дар бораи азобу шиканҷа шудани хабарнигор Улфатхоним Мамадшоева таҳқиқ кунанду гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Мақомоти интизомӣ онҳоро моҳи майи имсол баъд аз тазоҳуроти хунин дар вилояти Бадахшон дастгир карданд ва ба барангехтани нооромӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат муттҳам карданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон чанде пеш ҳар чаҳор нафарро ба солҳои дарози зиндон маҳкум кард. Худашон гуфтаанд, ки гуноҳе надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG