Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон аз эҳтимоли арзоншавии сӯзишворӣ хабар доданд


Дар моҳҳои оянда арзиши бензин дар Қирғизистон, мумкин аст, 5-6 сом арзонтар шавад. Дар ин бора Оҷонси давлатии зиддиинҳисории он кишвар хабар дод. Дар ин ниҳод гуфтанд, баҳои сӯзишвории дизелӣ бетағйир хоҳад монд.

Ба иттилои Оҷонси зиддиинҳисорӣ, қимати бензини навъи Аи-92 дар ҳоли ҳозир 59 сом аст. Дар моҳи декабр 60 сомро ташкил медод. Қимати сӯзишвории дизелӣ ҳоло 74 сом аст, дар моҳи декабр 75 сом буд.

Моҳи августи соли 2022 воридкунандаҳои маҳсулоти нафтӣ дар Қирғизистон гуфтанд, сӯзишвории дизелӣ бояд гарон карда шавад.

Қимати сӯзишворӣ дар Қирғизистон дар ду соли охир қариб ду баробар гарон шуд. 95% маҳсулоти нафтии Қирғизистон аз Русия ворид мешавад. Талаботи солонаи Қирғизистон ба сӯзишворӣ 1,3-1,5 млн тонаро ташкил медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG