Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои додситони кулли Қазоқистонро талаб карданд


Гурӯҳе аз фаъолон дар назди Додситонии шаҳри Алмато. 23 январ, 2023.
Гурӯҳе аз фаъолон дар назди Додситонии шаҳри Алмато. 23 январ, 2023.

Гуруҳе аз фаъолони шаҳрвандии шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 23-юми январ пушти дари бинои додситонии Алмато ҷамъ шуда, истеъфои Додситони кулли он кишвар Берик Асиловро талаб карданд.

"Мо ҳама шунидем, ки Берик Асилов омӯзгор Калас Нурпеисов ва рӯзноманигор Айгерим Тлеужановаро "аъзои гуруҳи экстремистӣ" номид. Моро ин ҳарфҳо нигарон кард, ки то додгоҳ, то содир шудани ҳукм, дар дохили порлумон онҳоро чунин номиданд. Ин поймолсозии қонун аз сӯи додситон аст, дар робита ба ин талаб мекунем, ки ӯро аз вазифа озод кунанд", - гуфт Думан Муҳаммадкарим, яке аз фаъолони Алмато.

Фаъолон ҳамчунин як фарохони онлайнӣ ҳам тартиб дода, аз сокинони Қазоқистон даъват доранд, ки ба ҷонибдорӣ аз истеъфои Додситони кул раъй диҳанд. Бештар аз 130 ҳазор кас зери фарохон имзо гузоштааст.

Айгерим Тлеужанова ва омӯзгори фанни таърих Калас Нурпеисовро дар доираи парвандаи ғасби фурудгоҳи шаҳри Алмато дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 гумонбар мекунанд. Ҳар ду ин айбҳоро рад кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG