Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қазоқистонӣ аз асорати меҳнатӣ аз Мянмар фирор кардаанд


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки ду қазоқистонӣ аз асорати меҳнатӣ аз Мянмар фирор кардаанд. Ба иттилои вазорат, қазоқистониҳо тавассути Қатар ба ватанашон баргаштаанд.

"Ба онҳо як сокини маҳаллӣ кӯмак кардааст, ки аз минтақаи асорат фирор кунанд. Баъде ки бо мо тамос гирифтанд, мо тавсия додем, ки дар макони амне паноҳ баранд ва як корманди ташкилоти ҷамъиятиро ба назди онҳо ирсол кардем. Корманди консулгарӣ дертар ба наздашон рафта, онҳоро ба Бангкок расонид", - хабар дод Ойбек Смадияров, як масъули Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Консулгарии Қазоқистон дар Бангкок ҳамаи санадҳои ду шаҳрванди Қазоқистон таҳия ва онҳоро аз роҳи Қатар ба Қазоқистон фиристодааст.

Инҳо Исломбек Казбекови 25-сола ва Жараси 23-сола ҳастанд, ки дар бораи нопадид шудани онҳо ибтидои моҳи январ хабар расида буд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки онҳо аз кадом роҳ ба Мянмар рафтаанд.

XS
SM
MD
LG