Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд


Маркази "Сахарово". Акс аз бойгонӣ.
Маркази "Сахарово". Акс аз бойгонӣ.

Даҳ муҳоҷири боздоштшудаи тоҷикро аз "Сахорово", маркази нигаҳдории хориҷиён дар Маскав, ба ватан фиристодаанд. Дар ин марказ асосан муҳоҷиронеро нигаҳ медоранд, ки ба поймол кардани қоидаҳои будубош дар Русия ва напардохтани молиёту надоштани иҷозаи кор муттаҳам мебошанд.

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ гуфтанд, дар охири ҳафтаи гузашта муҳоҷиронро дар маркази "Сахорово" дида, масъалаи зудтар ба кишвар фиристодани онҳоро бо мақомоти Русия баррасӣ карданд.

Ин ниҳод расман шумораи муҳоҷирони тоҷикро, ки ба далели нақзи қонунҳои Русия дар ин марказ нигаҳдорӣ мешаванд, нагуфтааст.

Дар чанд соли охир наздик ба 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксари мавридҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз ихроҷ мекунанд.

XS
SM
MD
LG