Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи ду сенатори Амрико ба раиси ҷумҳури Қирғизистон


Боздошти хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бишкек, 10-уми январи 2023
Боздошти хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бишкек, 10-уми январи 2023

Боб Менендес ва Ҷим Риш, сенаторҳои Амрико, ба Содир Жапаров, президенти Қирғизистон нома навиштанд, ки дар он аз фишор ба озодии баён изҳори нигаронӣ шудааст. Нома дар сомонаи Кумитаи муносибатҳои байнулмилалии Сенат нашр шуд.

Дар он сенаторҳо қатъи дастрасиро ба сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ -"Азаттик Медиа" маҳкум кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, тасмими мақомоти Қирғизистон на танҳо меъёрҳои байнулмилалиро нисбат ба озодии баён ва нашр, балки кафолатҳои конститутсионии Қирғизистон ҳам поймол мекунад.

"Мо аз ҳукумати Қирғизистон даъват мекунем, ки маҳдудиятҳоро нисбат ба "Азаттик Медиа" фавран бекор кунанд, фишори ғайриқонуниро нисбат ба озодии баён ва расонаҳои мустақил бас ва ҳамаи таҳдидҳоро нисбат ба рӯзноманигорон таҳқиқ кунанд," -- омадааст дар нома.

Пештар аз ин, беш аз сад кас - намояндагони қишри зиёии Қирғизистон, ходимони ҳунару фарҳанг, олимон, фаъолон ва рӯзноманигорон аз вазъи атрофи бахши қирғизии Радиои Озодӣ нигаронӣ карда буданд.

Дар муроҷиатномаи ин афрод дар миёнаҳои моҳи декабри соли 2022 ба унвонии президенти Қирғизистон Содир Жапаров ва дигар мақомдорон омадааст, "бастани сомона ва суратҳисоби бонкӣ на ба Конститутсия мутобиқат дорад ва на ба қонунҳои дигар".

"Набояд фаромӯш кард, ки Радиои Озодӣ дар 70 соли кораш дар шаклгирии истиқлоли Қирғизистон нақш дошта, барои даст ёфтан ба озодӣ саҳм гузоштааст," -- омадааст дар муроҷиатнома.

Муаллифон аз роҳбарияти Қирғизистон даъват кардаанд, ки дар барқарории фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа" мусоидат кунанд.

Зери нома беш аз 100 кас имзо мондааст, ки дар миёнашон миёнашон ходимони иҷтимоиву сиёсӣ, вакилони пешину ҳозираи порлумон ҳастанд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 26-уми октябри соли 2022 сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. "ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли 2022 суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро баст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG