"Баҳри Тоҷик". Обанбори калонтарин дар шимоли Тоҷикистон. Ҷойи истироҳату оббозии ҳазорҳо нафар ба макони яхмолакбозии кӯдакон табдил шудааст.
Мақомот мегӯянд, дар понздаҳ соли охир обанбор чунин яхбандон набуд. Натиҷаи сардии ду ҳафтаи охир медонанд.
Зимистони имсол дар Тоҷикистон ғайримаъмулӣ омад. Ҳарорат якбора поин рафт, барфи зиёд борид ва оби баъзе рӯду кӯлҳо ях баст. Аз ҷумла, рӯди Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад.
Яхмолакбозӣ дар як обанбори яхбаста дар вилояти Хатлон ҷони се кӯдакро рабуд. Дар Ҳисор ҳам як наврас ҷонашро аз даст дод.
Гуфтугӯ