Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯянд, ҳудуди 1000 тонна маъдани хом ва ё сангҳои қимматбаҳоеро аз дасти қочоқбарон гирифтанд, ки дар таркибаш “литиум” як моддаи кимиёвии бозоргир ва зарурӣ барои истеҳсоли телефону компютеҳоро дорад.
Доктор Башир, раиси Идораи истихборотии Толибон рӯзи 21-уми январ дар нишасти хабарие дар вилояти Нангарҳор гуфт, ки 250 тонна аз ин маъданро дар ҳамин вилоят ва бақияи онро дар вилояти Кунар кашфу забт кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалиёти мусодираи ин маъдан дар шаҳри Ҷалолобод 5 қочоқбар аз ҷумла ду шаҳрванди Чинро дастгир кардаанд. Сафорати Чин дар Кобул то кунун дар бораи дастгир шудани шаҳрвандони ин кишвар бо иттиҳоми қочоқ дар Афғонистон чизе нагуфтааст.
Чин яке аз кишварҳои минтақа аст, ки мойил ба сармоягузорӣ дар ин ҳамсоякишвари ноороми Тоҷикистон аст ва бо Толибон ҳам чанд қарордоде дар бораи истихроҷи маъдан аз қаламрави Афғонистон имзо кардааст.
Литиум, яке аз моддаҳои кимиёвист, ки дар истеҳсоли батареяҳои телефонҳои ҳамроҳу комютерҳо фаровон истифода мешавад ва сол ба сол рақобати кишварҳо барои дастёбӣ ба маъдан меафзояд.