Пайвандҳои дастрасӣ

Як гӯшаи масҷиди марказии Душанберо вайрон кардаанд. ВИДЕО


Як гӯшаи масҷиди марказии шаҳри Душанберо вайрон кардаанд. Таҳоратхона даҳ рӯз пеш тахриб шуд.

Намояндагони масҷид рӯзи 20-уми январ аз намозгузорон хостанд, дар хонаи худ ва ё ҷойи дигар таҳорат бикунанду сипас барои ибодат биоянд. Баъзе аз сокинон нигаронанд. Мақомот мегӯянд, ба зудӣ таҳоратхонаи нав хоҳанд сохт.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори раёсати фатвои Шӯрои уламо, гуфт, "таҳоратхонаи масҷид ба нақшаи генералӣ мувофиқат надошт ва аз ин рӯ вайрон карда шуд."

"Феълан дар инҷо шароити таҳорат муҳайё нест. Дар рӯзҳои наздик таҳоратхонаи нав сохта мешавад. Албатта, масҷид бе таҳоратхона намемонад," -- афзуд, ӯ.

Масъулони Шӯрои уламои Маркази исломӣ гуфтанд, таҳоратхонаи нав бо шароити беҳтар ва масоҳати бузургтар ва дар зери замин сохта хоҳад шуд.

Ҳомид Маҳмадшоев, сокини Душанбе, гуфт, аксар вақт дар Масҷиди марказӣ намоз мегузорад ва дар ҳамин ҷо тароҳат мекунад: "Ду ҳафта боз ба дигар ҷо рафта, тароҳат мекунем. Ин ҷо айни ҳол таъмир ҷараён дорад."

Видео дар инҷост:

Як гӯшаи масҷиди марказии Душанберо вайрон карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб аз масҷидҳои маъруф дар Душанбе аст, ки садҳо нафар намози ҷумъаро дар онҷо мегузоранд. Дар назди ин масҷид Донишкадаи исломӣ ва Шӯрои уламо ҷой дода шудааст.

Бинои ҳозираи онро соли 1995 сохтаанд. Дар як вақт 10-12 ҳазор нафар метавонанд, намоз гузоранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон тақрибан 4 ҳазор масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта сабтином ҳаст. Дар гузашта шикоят аз норасоии масҷид дар маҳаллаҳо садо додааст, аммо масъулони Кумитаи дин пайваста таъкид мекунанд, ки чунин нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG