Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти берун бурдани доллар аз Қирғизистон "натиҷа" додааст


Қарори мақомоти Қирғизистон дар бораи маҳдудсозии берун бурдани доллари нақдинаи амрикоӣ аз ин кишвар зоҳиран натиҷа додааст.

Масъулони Бонки миллии Қирғизистон мегӯянд, дар як рӯзи охир талабот ба доллари амрикоӣ дар савдои байнибонкии ин кишвар қариб 90% коҳиш ёфтааст.

Иқтисоддон Арсланбек Кененбоев мегӯяд, "мақомоти Қирғизистон бояд ин корро 10 моҳ пеш, вақте бӯҳрони асъор оғоз шуда буд, анҷом медоданд".

Талошҳои Девони вазирони Қирғизистон барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкил дар бозори асъорро вакили порлумони он кишвар Дастан Бекешев низ ҷонибдорӣ мекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, мақомот "лимит"-ро на бо доллари амрикоӣ, балки бо рубли русӣ бояд муқаррар мекарданд.

"Долларро кӣ содир мекунад? Онҳое, ки ба ин ҷо рубли ҳангуфт ворид мекунанд, ба ивази он доллар содир мекунанд. Тибқи қоида, онҳо тоҷирони Русия ҳастанд. Аз ин рӯ, ман пешниҳод мекунам, ки на содироти доллар, балки қабули рубл маҳдуд карда шавад", - изҳор дошт ӯ.

Девони вазирони Қирғизистон ахиран берун бурдани доллари нақдинаи амрикоӣ аз ин кишварро маҳдуд кард.

Тибқи қарор, акнун шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд, аз Қирғизистон беш аз 5 ҳазор доллари нақдинаро берун баранд. Барои шаҳрвандони худи Қирғизистон берун бурдани то 10 ҳазор доллари нақдина иҷозат дода шудааст.

XS
SM
MD
LG