Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Завқибек Саидаминӣ. "Чаро бояд "ҳиҷрат" кунам?" ВИДЕО


Завқибек Саидаминӣ
Завқибек Саидаминӣ

"Мане, ки журналистиро ба пулкоркунӣ табдил надодаму басаш кардам! Мане, ки аз касе барои таърифу танқид як дирам нагирифтам! Мане, ки кор дар Русияву Туркияро рад намуда, пурхатартарин корро дар Ватан интихоб кардам, ҳоло бояд худамро "хоин"-у "иғвогар" дониста, "ҳиҷрат кунам?!"

Инро Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори тоҷик ва як замон довталаби курсии вакили порлумон, қабл аз боздошташ дар Фейсбук гузоштааст. Ӯро моҳи ноябр ба ҳафт сол зиндон маҳкум ва дар оғози моҳи декабри 2022 дар зиндони маъруф ба "Якум совесткий"-и шаҳри Душанбе ҷойгир карданд.

Додрас ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор кард. Худаш дар номае таҳқиқи парванда ва мурофиаашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ "якҷониба ва нопурра" номид ва аз Додгоҳи Душанбе хост, ҳукмро бозбинӣ ва бекор кунад, аммо посухи рад гирифт.

Аъзои хонаводааш мегӯянд, ним соли дурӣ аз Завқибек Саидаминӣ ба ваъзи зиндагии онҳо таъсир гузошт ва рӯзҳои сахтеро сипарӣ доранд.

Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, моҳи декабри соли 2022 дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзашро ба хондани номаҳои писари зиндонияш ва нигоҳубини фарзандони ӯ мегузаронад. "Бачаи калониям аст. Нигоҳубинам бар дӯшаш буд. Додарҳояш ҳастанд, лекин ҳозир зӯри ҳар кас ба зиндагии худаш намерасад. Чор фарзанд дорад. Ҳамин ҳам ҳаёт шуд?” – гуфт ӯ.

Завқибек дар нома ба модараш чӣ гуфтааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

"Нафасам мегирад"

Ин зан, ки асосан дар шаҳри Роғун ба сар мебарад, баъд аз боздошти Завқибек ба хонаи писараш ба Душанбе кӯчидааст, то кӯдакони ӯро нигоҳубин кунад.

Завқибек Саидаминии 38-сола моҳи июли соли 2022 дастгир ва моҳи ноябр ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва хонаводааш ҳукмро беасос медонанд.

Ба қавли Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, боздошти писараш дар баробари вазъи моливу иҷтимоӣ, ба ҳолати рӯҳиву равонии хонавода таъсир гузошт: “Баъди ҳамин ҳодиса нафасам гоҳ-гоҳе мегирад. Ба зӯр нафас мекашам. Камтар зиқ шавам, нафасгирӣ сар мешавад. Нафасам сахт мегирад."

"Падарам кай меояд?"

Фарзандони Завқибек Саидаминӣ аз бибиву модарашон пайваста дар бораи падар мепурсанд. Пурсишҳое, ки ба назари Махфират Худойназарова, ҳамсари ӯ, посухаш сахт аст.

"Аз пушти тиреза, ки ягон овози мошин мешавад, ҳама кӯдакон падарҷон гуфта медаванд. Мебинанд, ки мошини падарашон нест, зиқ мешаванд, мешинанд. Бачаи дувумма фақат мепурсад, ки "отам кай меояд?" Саволи мушкилтарин барои мо ҳамин аст, ки наметавонем посухи дуруст диҳем," – афзуд Мағфират Худойназарова, ҳамсари Завқибек Саидаминӣ.

“Танҳо мехост, ҳақиқат гуфта шавад”

Завқибек Саидаминӣ зодаи шаҳри Роғун аст ва соли 2008 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Соли 2009 корро дар телевизони “Симои мустақили Тоҷикистон” оғоз карда, баъдан дар рӯзномаи “Имрӯз нюс” идома дод. Соли 2013 дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон ба кор пардохт ва пас аз шаш сол онҷоро тарк гуфт. Ба тиҷорат рӯй овард ва фурӯши либоси кӯдаконро ба роҳ монд, аммо кораш дар нимароҳ монд.

Як муддат дар сохтмони биноҳои навбунёд дар пойтахт кор мекард ва онро “ёфтани номи ҳалол” медонист. Моҳи марти соли 2022 сипосномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро гирифт, ҳарчанд ба қавли худаш, ду сол аз рӯзноманигорӣ канор рафта буд.

Дар Фейсбук бо баҳсҳояш дар марвиди дину оин ва маҳкумияти гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла ДОИШ ва бозтоби муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон маъруф буд. Дӯст доштани хонавода, эҳтироми волидон ва тарбияи хуби фарзандон аз навиштаҳои муҳими ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG