Парвандаи марги Айкоркеми 4-сола, ки дар ҳодисаҳои январии соли 2022 дар Қазоқистон аз тири силоҳ кушта шуд, баста шудааст. Дар ин бора падари Айкоркем хабар дод.
Айдос Мелдехан, падари Айкоркем гуфт, дар ин бора рӯзи 5-уми январ хабар ёфтааст, ҳарчанд парвандаро 30-юми декабри соли 2022 бастаанд.
Рафиқ Бейсебеков, вакили мудофеи хонаводаи Айкоркем гуфт, парванда ба далели "набуди таркиби ҷиноят" баста шудааст. Вакили мудофеъ гуфт, ба зинаҳои дигари додгоҳӣ шикоят хоҳад бурд.
Айкоркем Мелдехан ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 кушта шуд. Вай аз тири силоҳ дар дохили мошине кушта шуд, ки ҳамроҳи бародарону хоҳараш қарор дошт.
Мошине, ки Айкоркем дар дохили он буд, дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмато қарор дошт. Айдос Мелдехан, падари Айкоркем он замон ҳамроҳ бо хонаводааш ба мағозаи маҳсулоти ғизоӣ рафта буд.ф
Гуфтугӯ