Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон фурӯши доруҳои "Quramax" манъ шуд


Вазорати тандурустии Узбекистон ба дорухонаҳои ин кишвар дастур додааст, аз фурӯши ҳамаи доруҳое, ки ширкати "Quramax" дар соли 2022 ворид кард, худдорӣ варзанд.

Дар ин бора дар номаи вазири нави тандурустии Узбекистон Амрилло Иноятов зикр шудааст. Номаро рӯзи 2-юми январ ба дорухонаҳо фиристоданд.

Ба гуфтаи вазир, санҷиши озмоишгоҳӣ дар таркиби доруҳои "Док-1 Макс" ва "Амбронол" маводи ноудурустро ошкор кард. Ин доруҳоро ширкати "Quramax" ба Узбекистон ворид мекард. Ба ҷуз ин, рӯзи 29-уми декабри соли гузашта аз додгоҳи шаҳри Тошканд дархост шудаст, то шаҳодатномаҳои сабтиноми ин доруҳо бекор карда шавад.

Қаблан мақомоти Узбекистон фурӯши ҳамаи доруҳоеро, ки аз сӯи ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол мешаванд, аз 30 декабр дар он кишвар манъ карданд. Ин қарор баъди он гирифта шуд, ки дар Узбекистон 19 кудак баъди истеъмоли "Док-1 Макс" ҷон дод.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар робита ба марги 19 кӯдак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG