Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои кори порлумон дар Тоҷикистон 27 миллион сомонӣ ҷудо шуд


Порлумони Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон барои кори Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон, дар соли 2023 беш аз 27 миллион сомонӣ, баробар ба 2,7 миллион доллар, ҷудо кардааст.

Дар ин бора Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумисюни Маҷлиси Намояндагони дар мавриди назорати Дастур ва ташкили кор, хабар додааст.

Ба навиштаи нашрияи порлумонии “Садои мардум”, дар порлумони Тоҷикистон 63 вакил ва 343 ҳайати хидматрасон ҳастанд.

Вакилон маблағи ҷудошударо аз буҷет барои фаъолияти Маҷлиси намояндагон бидуни баҳс қабул кардаанд.

Хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли 2023 дар муқоиса ба хароҷот дар соли гузашта 6 миллион сомонӣ зиёдтар будааст. Дахлу харҷи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон феълан дар даст нест.

Порлумони Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни асосии кишвар аз салоҳиятҳои густурда бархурдор аст, аммо мунтақидон мегӯянд, шохаи қонунгузор бидуни баҳс қонунҳоро қабул мекунад. Интиқоде, ки вакилон қабул надоранд ва мегӯянд, то пешниҳоди қонун ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баҳсҳо атрофи онҳо сурат мегирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG