ЭЪТИРОЗЕ, КИ АЗ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ БАРХОСТ
Дар моҳи январи соли 2022 болоравии нархи сӯзишворӣ боис ба эътирози бесобиқа дар Қазоқистон шуд. Дар давоми як ҳафтаи нооромӣ дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ 225 нафар ҷон бохт. Додситони кулли Қазоқистон гуфт, дар бархӯрдҳо бо эътирозгарон 19 корманди ниҳодҳои қудратӣ ба ҳалокат расиданд. Садҳо иштирокчии эътирозҳо боздошт шуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар моҳи декабр иброз доштанд, ки мақомоти Қазоқистон дар таҳқиқи кушторҳо ва поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни эътирозҳо “яктарафа” амал кардаанд. Созмони Human Rights Watch хотирнишон кард, ки дар натиҷаи тафтиш як ҳазор эътирозгар ва ҳамагӣ як афсари низомӣ барои куштори фарди бесилоҳ ҷазо гирифтанд.
ТАҶОВУЗИ МУСАЛЛАҲОНА
24-уми феврали соли 2022 Русия шаҳрҳои Украинаро оташборон карда, нерӯҳояш зери унвони “амалиёти махсуси низомӣ” ба хоки Украина таҷовуз карданд. Президенти Украина Владимир Зеленский ҳар гуна овозаҳоро дар бораи фирор аз ватан рад кард ва мардуми Украинаро ба муқовимат даъват намуд. Дар даҳ моҳи ҷанг Русия натавонист, дар ҷабҳаи набард ба дастоварди назаррасе комёб шавад.
Баръакс, дар рӯбарӯи пешрафти артиши Украина дар шарқи ин кишвар 21-уми сентябри соли 2022 президенти Русия Владимр Путин эълон кард, ки 300 ҳазор афсару сарбози эҳтиётӣ ба ҷанги Украина сафар мешаванд. Баъди ин эълон ҳазорҳо нафар, ки намехоҳанд дар ҷанг ширкат кунанд, хоки Русияро тарк намуда, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд.
Дар ҳамин ҳол, на сафарбарии иловагии нерӯҳо ва на бомбаборони низоми энергетикии Украина сари роҳи пешрафти нерӯҳои ин кишвар нагирифт. Моҳи ноябр нерӯҳои Украина шаҳри Херсонро, ки дар моҳи март зери тасарруфи Русия гузашта буд, бозпас гирифтанд.
Наворро дар инҷо бинед:
ЗИЛЗИЛАИ ХАРОБИОВАР
22-юми июн заминларзаи баробар бо 6,1 дараҷа боис ба фавти беш аз як ҳазору сад сокини вилоятҳои Хуст ва Пактикои Афғонистон гардид. Дар нерӯмандтарин зилзилаи бист соли охир дар Афғонистон садҳо кас ҷароҳат бардошта, даҳҳо манзили зист вайрон шуд. Фалокат дар Афғонистон дар замоне рух дод, ки ин кишвари таҳти назорати Толибон дар инзивои байнулмилалӣ монда, дучори буҳрони башарӣ аст.
Ҳукумати Толибон, ки аз моҳи августи соли 2021 Афғонистонро назорат мекунад, сиёсати мутаассиб дар муқобили занону духтаронро идома медиҳад. Толибон таҳсили духтарони аз синфи шаш болоро манъ ва миллионҳо духтарро аз рафтан ба мактаб маҳрум карданд. Дар моҳи декабри соли 2022 ҳукумати Толибон раванди омӯзиши духтаронро дар муассисаҳои таҳсилоти олии Афғонистон манъ намуданд. Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои байнулмилалӣ аз ин тасмими Толибон интиқод карданд.
ҶУНБИШЕ, КИ МАРГИ АМИНӢ БА ВУҶУД ОВАРД
16-уми сентябри соли 2022-ум хонуми 22-солаи эронӣ Маҳсо Аминӣ дар боздоштгоҳи полис ба ҳалокат расид. Ӯро полиси ахлоқ, ки пӯшидани либосро дар Ҷумҳурии Исломӣ назорат мекунад, ба ҳабс гирифта буд.
Марги Аминӣ мардуми саросари Эронро нороҳат кард. Дар кишвар эътирозҳои дастҷамъӣ оғоз ёфта, ба вижа занон рӯсариву ҳиҷобашонро гирифтанду оташ заданд. Мақомоти Эрон эътирозҳои саросариро “дасисаи кишварҳои душман” ба мисли Исроилу Амрико номида, баъзе аз эътирозгаронро эъдом ва бақияро ба муҷозоти шадид маҳкум карданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, таҳқиқи эътирозҳои Эрон бидуни рияои меъёрҳои ҳуқуқ сурат гирифта, боздоштшудаҳо зери фишору азият худро гунаҳкор эълон мекунанд. СММ тахмин мекунад, ки дар давоми се моҳи эътирозҳо наздик ба 14 ҳазор эронӣ ҳабс шуд.
Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи эронинён, қароргоҳаш дар Норвегия, таъкид мекунад, ки дар се моҳи гузашта 469 иштирокдори гирдҳамоиҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон кушта шуд. Дар поёни соли СММ се зан-мансабдори баландпояро, барои пайгирии таъқиби хушунатбори эътирозҳо дар Эрон муваззаф кард.
ҚАТАР, ФУТБОЛ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН
Моҳи декабри соли 2022 дар Қатар Ҷоми ҷаҳонии футбол бо пирӯзии мунтахаби Аргентина хотима ёфт. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футболро ба хотири интихоби ин кишвар ба ҳайси мизбони мусобиқа танқид карданд.
Ба қавли онҳо, Қатар ба поймолшавии ҳуқуқ таваҷҷуҳи кофӣ нишон намедиҳад. Тибқи иттилои расмии Қатар аснои бунёди иншооти вобаста ба Ҷоми ҷаҳонӣ аз 400 то 500 муҳоҷири корӣ ба ҳалокат расидааст.
Гуфтугӯ