Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина расман аз FIFA хост, Эронро аз Ҷоми Ҷаҳон-2022 берун кунад


Федератсияи футболи Украина рӯзи 31-уми октябр таъйид кард, ки "бинобар эҳтимоли шарикии ҳукумати Эрон дар ҳамлаи низомии Русия ба Украина", хоҳони берун кардани мунтахаби миллии футболи Эрон аз мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Қатар шуд. Мунтахаби миллии Украина дар марҳилаи охирини рақобатҳои муқаддамотӣ аз тими Уэлс шикаст хӯрд ва натавонист, ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёбад.

Мунтахаби миллии футболи Эрон бо Англия, Амрико ва Уэлс ҳамгурӯҳ аст ва аввалин мусобиқаи он рӯзи 21-уми ноябр дар муқобили дастаи Англия хоҳад буд. Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр доир мегардад.

Дар пайи оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол, ФИФА ва УЕФА мунтахаби футболи Русияро аз рақобатҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ маҳрум карданд.

Ҳафтаи гузашта раиси дастаи футболи "Шахтёр"-и Донетск аз ФИФА хост, мунтахаби миллии футболи Эронро аз Ҷоми Ҷаҳон-2022 ихроҷ кунад ва саҳмияи он кишварро ба Украина бидиҳад.

Дар баёнияи расмии Федератсияи футболи Украина, ки дар вебсайти он нашр шудааст, дархости ҳайати раҳбарии ин федератсия аз ФИФА барои берун кардани Эрон зикр шуда, вале ба додани саҳмияи Эрон ба Украина ишорае нашудааст.

Дар бахше аз ин баёния гуфта мешавад, "бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои расонаҳои зиёд дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар ва Эрон ва бо назардошти фиристодани эҳтимолии ҷангафзорҳо аз сӯи Эрон барои артиши Русия аз ФИФА расман дархост хоҳем кард, ки маҳрум кардани мунтахаби миллии футболи Эрон аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ-2022-ро баррасӣ кунад".

Бо вуҷуди нашри аксҳо ва гузоришҳои зиёде аз истифодаи артиши Русия аз ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар ҳамлаҳои ҳафтаҳои охир ба зерсохторҳои Украина ва таъкиди Киев ба дуруст будани ин далелҳо, Маскав ва Теҳрон истифода аз дронҳои эрониро дар ҷанги Украина рад кардаанд.

ФИФА то ба ҳол ба суханони масъули дастаи "Шахтёр" вокуниш нишон надодааст ва дархости чанд гурӯҳ, ки худро ҳомии ҳуқуқи дӯстдорони футбол дар Эрон муаррифӣ мекунанд ва ба далели саркӯби эътирозҳои охир ва манъи вуруди занон ба майдонҳо, хостори ихроҷи тими миллии Эрон шудаанд, нодида гирифтааст.

ФИФА маъмулан ба далели тасмимҳои низомии як давлат, саҳмияи як кишвар дар рақобатҳои ҷаҳонии футболро бекор намекунад. Албатта дар соли 1994 дар пайи таҳрими ҳукумати Югославияи собиқ аз сӯи СММ бинобар ҷанг дар Балкан, ФИФА тими миллии Югославияро аз рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳон берун кард.

ФИФА дар асосномаи худ ба таври ошкор эълом мекунад, ки "ба тамоми муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи башар пойбанд аст", вале тасмими худ барои ихроҷи Русия аз мусобиқоти ҷаҳонӣ ва аврупоиро бо такя ба муқаррароти ҳуқуқи башар рӯи даст нагирифт. ФИФА далели маҳрумияти мунтахаби миллии Русия пас аз ҳамлаи низомии он кишвар ба Украинаро набуди амният ва ба хатар афтодани амнияти мусобиқаҳои футбол эълон кард.

Теъдоде аз бозикунони феълӣ ва собиқи мунтахаби миллии Эрон ба шаклҳои гуногун аз эътирозҳои ҳафтаҳои ахир ҳимоят ва ё бо муътаризон эълони ҳамбастагӣ кардаанд.

Ҳамзамон, дастаи футболи Босния эълон кардааст, ки мусобиқаи дӯстонаи тими милии ин кишвар бо Русия, ки қарор буд рӯзи 19-уми ноябр баргузор шавад, феълан ба таъхир афтодааст, вале қарор аст дар вақти дигар баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 17-уми ноябр мусобиқаи дӯстонаи мунтахаби миллии футболи ин кишвар бо дастаи Русия дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG