Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов гуфтааст, баҳси марзиро бо Тоҷикистон "то нимаи 2023" ба поён хоҳанд расонд


Бодканд
Бодканд

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар охири ҳафтаи гузашта гуфтааст, таъйину нишонагузории сарҳадро бо Тоҷикистон то моҳи майи соли 2023 ба поён хоҳанд расонд, аммо нагуфтааст, чӣ гуна.

Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) дар моҳи ноябр эълон карда буд, ки дар масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Душанбе созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Он замон поёни ҳалли баҳсро "то поёни 2022" ваъда дода буд.

Тарафи Тоҷикистон дар гузашта ва ҳоло ба ин гуна изҳорот вокуниш накардааст. Вазорати корҳои хориҷӣ дар аввали моҳи декабр хабар дод, ки барои нишонагузории 17,66 километри дигар бо Қирғизистон ба тавофуқ расиданд ва "нақша-ҷадвали вохӯриҳо барои соли 2023 тасдиқ шуд".

Ҷабборов (Жапаров) ҳафтаи гузашта дар вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, буд. Вай дар мавриди баҳсҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистон замоне гап задааст, ки сокинони маҳаллӣ таъмини амниятро хостаанд.

Расонаҳои мустақилу байнулмилалӣ барои бозтоби сафари ӯ роҳ наёфтанд. Бинобар ин, тафсилот дар даст нест.

Намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ рӯзи 26-уми декабр ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, "Содир Ҷабборов нияташро барои ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон то моҳи майи соли оянда эълон кард."

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 664 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст.

Бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст, аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.

Дар як задухӯрди бесобиқа дар моҳи сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи беш аз панҷоҳ қурбонӣ гузориш дод. Радиои Озодӣ рӯйхати беш аз 80 куштаро гирд овард. Ҷониби Қирғизистон теъдоди кушташудаҳоро 63 нафар ҳисоб кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирӣ ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG