Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов: То соли нав талош мекунем, масоили марзиро бо Тоҷикистон ҳал кунем


Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 17-уми ноябр дар порлумони он кишвар мавриди баҳси марзӣ бо Тоҷикистон суханронӣ кард.

Ба гуфтаи Ҷабборов, дар баҳси марзӣ бо Узбекистон нуқта гузошта шуд. Вай гуфт, то соли нав роҳбарияти Қирғизистон талош мекунад, ки баҳсҳои марзиро бо Тоҷикистон низ ҳал кунад.

"Аз шумо ташаккур мекунам, ки созишномаи муайянсозии қитъаҳои марзиро бо Узбекистон ҷонибдорӣ кардед, дар ин масъала нуқта гузошта шуд. Худо кунад, агар монеаҳои дигар эҷод нашаванд, мо нақша дорем, ки то соли нав масоили марзиро бо Тоҷикистон низ ҳал кунем. Мо бо чаҳор кишвари ҳамсоя бояд дар сулҳ ва созиш зиндагӣ кунем. Ҳеч кадом сарбоз дигар набояд дар марз кушта шавад", - гуфт Ҷабборов.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 ноябр Созишнома оид ба муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марз ва идораи муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард.

Лоиҳаи қонунро барои тасдиқи созишнома раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев муаррифӣ кард.

Аз лоиҳаи қонун 64 вакил тарафдорӣ ва 19 тани дигар мухолифат карданд.

Ҷабборов пештар аз ин гуфта буд, ки 99 дарсади қитъаҳои баҳсӣ бо Узбекистон ба нафъи Қирғизистон ҳал шудаанд. Вай илова карда буд, ки "дар баҳси марзӣ бо Узбекистон нуқта гузошта мешавад".

"Ман бовар дорам, мардум ба мо офарин хоҳад хоҳанд, вақте ки ҳама чизро бо чашми худ бубинад", - гуфт Ҷабборов.

Созишномаи марзиро бо ҷониби Қирғизистон рӯзи 14 ноябр порлумони Узбекистон низ тасдиқ карда буд.

Муҳокимаи тарҳи қонуни тасдиқи созишнома аз ҷониби мухолифони Қирғизистон эътирозҳоеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG