Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти як зоири тоҷик дар Макка


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як зоири тоҷик ҳангоми адои Ҳаҷҷи Умра дар Арабистони Саудӣ вафот кардааст. Холмаҳмад Ҳамдамов, сокини 70-солаи ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Макка даргузашт.

Яке аз пайвандонаш рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз, баъд аз адои намози пешин дар Каъба, якбора дилашон аз кор мондааст. Он касро дар ҳамон ҷо дафн карданд. Бемории ҷиддӣ надоштанд".

Холмаҳмад Ҳамдамов ягона шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки зимни адои Ҳаҷҷи Умра ҷон додааст. Намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар як-ду моҳи охир 7 нафар нафар дар роҳ ба Умра даргузаштанд.

Ҳаҷ яке аз панҷ рукни Ислом аст ва мусалмонон талош мекунанд, бо даст додани имкон ин фаризаи диниро ба анҷом расонанд.

Назарҳо дар мавриди ба Ҳаҷ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон яксон нест. Иддае мехоҳанд, мардум пули сафарро ба дармондагон бидиҳанд ва ё сохзмтони мактабу пул созанд. Дигарон мегӯянд, сохтмони иншооти иҷтимоӣ масъулияти давлату набояд ба дӯши мардум бор шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG