Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: дар Чин 18% аҳолӣ метавонад ба Covid-19 олуда бошад


Як беморхона дар Чин. 21-уми декабри соли 2022
Як беморхона дар Чин. 21-уми декабри соли 2022

Ба навиштаи нашрияи Financial Times ва вебсайти Bloomberg, дар Чин дар ҳоли ҳозир тахминан 248 миллион нафар ё 18 дарсари аҳолӣ метавонанд олудашуда ба вируси Covid-19 бошанд. Маълумоти дарёфтии ин ду нашрия бо такя ба санадҳои аз дохили Чин бадастомада пахш мешавад.

Бар асоси ин маълумот гуфта мешавад, ки танҳо дар рӯзи 20-ми декабр 37 миллион нафар ба коронавирус олуда шудаанд. Дар ин бора дар як ҷаласаи Комиссиюни миллии беҳдоштии Чин, ки барои кормандони дохилӣ барпо шудааст, хабар дода шуд. Дар омори расмӣ дар бораи олуда шудани танҳо 62 ҳазор нафар дар кишвар дар давоми се ҳафтаи моҳи декабр сӯҳбат мешавад.

Айни замон, ба иттилои Рейтерс, мақомот дар Шонгҳой, як шаҳри серҷамъияти Чин аз сокинон тақозо карданд, ки дар рӯзҳои истироҳат дар хонаҳо бимонанду ҷашнгирии Милоди Масеҳро камтар кунанд. Чунин даъват баъди он садо дод, ки дар ин шаҳр меъёрҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус сабуктар карда шуданд. Комиссиюни беҳдоштии шаҳри Шонгҳой дар як муроҷиаташ ба ҷавонон тақозо кардааст, ки бахусус аз рафтан ба маконҳои серодам худдорӣ кунанд. Дар Шонгҳой баъди тадбирҳои мақомот, суръати паҳншавии коронавирусро каме сусттар карданд.

Нишонаҳои коронавирус бори аввал декабри соли 2019 дар Чин ошкор шуд ва бовар меравад, ки маҳз аз он ҷо ба тамоми сайёра паҳн гардид, вале мақомот дар Чин дар эътирофи вуҷуди ин вирус таъхир карданд ва мавриди маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ шуданд. Аз он замон то кунун коронавирус паҳн шуда, то имрӯз пурра нобуд нашудааст.

XS
SM
MD
LG