Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин баъди эътирозҳо маҳдудиятҳои марбут ба КОВИД-ро кам карданд


Мақомоти шаҳри Гуанҷоуи Чин маҳдудиятҳои марбут ба пешгирии вабои коронавирусро кам карданд: дар чанде аз минтақаҳои шаҳр хонашинӣ ва ташхиси сартосарии гирифторӣ ба COVID-19 бекор шуд.

Ин бекорсозиҳо баъди он амалӣ шуд, ки сокинони шаҳр бо нишони эътирози зидди онҳо ба кӯча баромаданд ва бо пулис даргир шуданд. Шаби сешанбе дар Гуанҷоу эътирозҳо ба занозанӣ бо пулис табдил шуданд.

Дар бисёре аз шаҳрҳо ва шаҳракҳои донишҷӯён дар Чин эътирозҳо идома доранд. Ин эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки рӯзи 24 ноябр дар шаҳри Урумчӣ ҳангоми оташсӯзӣ 10 тан ҷон бохт. Ба далели хонашинии иҷборӣ ё локдаун онҳо натавонистанд, бинои оташгирифтаро тарк кунанд.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, рӯзҳои охир садҳо нафар дар Шанхай низ бо сар додани шиорҳои зидди карантин ҷамъ омаданд ва бо бархӯрди пулис рӯбарӯ шуданд.

Чин дар се соли гузашта, ки аз паҳншавии COVID-19 мегузарад, карантини сахт ҷорӣ кардааст. Тайи моҳҳои гузашта ва бо авҷ гирифтани бемории COVID-19 дар Чин, маҳдудиятҳо низ бештар шуд.

Шаҳри Урумчи 4 миллион аҳолӣ дорад ва шоҳиди яке аз тӯлонитарин карантин дар ин кишвар будааст ва сокинони шаҳр то 100 рӯз аз хуруҷ аз хонаҳои худ манъ шудаанд. Тибқи омори расмӣ, ҳамарӯза дар Чин 40 ҳазор кас ба бемории COVID-19 гирифтор мешаванд.

Расонаҳо менависанд, эътирозгарон дар Шанхай шиорҳое чун "Марг бар Ҳизби коммунисти Чин, марг бар Си Ҷинпин" сар дода буданд.

Наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъ омадани даҳҳо нафар дар яке аз донишгоҳҳои Пекин ва хондани суруди миллӣ дар эътироз ба карантинро нишон медиҳад. Дар шаҳри Вуҳан ҳам эътирозгарон ба кӯчаҳо баромаданд ва монеаҳои оҳанинро шикастанд ва хостори поён додани карантин шуданд.

Эътирозҳои умумии густурда дар Чин бисёр нодир аст. Дар даврони Си Ҷинпин фазои мухолифат "комилан" аз байн рафта ва шаҳрвандон маҷбур ҳастанд, дар расонаҳои иҷтимоӣ бо сензура ва имову ишора изҳори назар кунанд.

Ҳудуди як моҳ пеш Си Ҷинпин бори севум раҳбари Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд ва ноумедӣ аз тағйири вазъияти кишвар афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG