Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди марги чанд кӯдак доруи "Док-1 МАКС"дар Узбекистон манъ шуд


Як гуруҳи вижаи Вазорати тандурустии Узбекистон дар шаҳри Самарқанди он кишвар вазъи сиҳатии кӯдаконеро меомӯзад, ки ба эҳтимоли зиёд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" зарар дидаанд.

Пештар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар ду моҳи охир вазъи сиҳатии 20 кӯдак аз Самарқанд баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" бад шуда, 15 кӯдак фавтидааст. Доруи "Док-1 Макс"-ро Ҳинд истеҳсол мекунад.

Як масъули маркази тиббии вилояти Самарқанд гуфтаст, ин кӯдакон ба "дарди гурда" гирифтор шудаанд.

Аз 22-юми декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон манъ шудааст.

Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG