Шаҳида Саломова, блогери узбекистониро ба "туҳмат" ва "таҳқир" муттаҳам кардаанд.
Саломоваи 60-сола аз рӯзи 18-уми декабр нопадид буд. Дертар дар бораи боздошти вай хабар нашр шуд. Пеш аз боздошт Саломова дар Телеграм акси президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёеро бо хонаводааш нашр ва онҳоро ба фасоду непотизм ё хешутаборбозӣ айбдор кард.
Вакилони мудофеи Шаҳида Саломова гуфтанд, имкони дидор бо ӯро надоранд. Вай дар боздоштгоҳи шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад.
Саломова бештари вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ кори Вазорати адлия, додситонӣ, додгоҳҳо, мақомоти вилоятҳо ва шаҳрдории Тошкандро танқид мекард.
Гуфтугӯ