Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоира бо духтари чорсолааш дар Маскав ҳалок шудааст


Шоира Раҳимқулова
Шоира Раҳимқулова

Наздикони Шоира Раҳимқулова, муҳоҷири 23-солаи тоҷик, талош доранд, ҷасади ӯро аз Маскав ба Тоҷикистон фиристанд. Ӯ зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхи вилояти Хатлон будааст.

Шоира ҳамроҳ бо Умигулсун Пирхонова, духтари чорсолааш шаби 13-уми декабр дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидаанд. Далер, як ҷавони дигари 27-солаи муҳоҷир низ, ки онҷо зиндагӣ доштааст, ҳалок шудааст.

Додситонии вилояти Маскав дар хабарномае гуфтааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар хонаи як сарватманди чинӣ кор мекарданд. Он шаб, лулаи газ дар яке утоқҳои хона шикоф шуда, бӯй тамоми атрофро пахш кардааст. Аз бӯйи газ, муҳоҷирон бедор нашуда, фавтидаанд, вале ба гуфтаи додситонӣ Лю Чен, шаҳрванди Чин, ки ҳамроҳи муҳоҷирон дар он ҳавлӣ будааст, зинда мемонад ва ба Ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Соҳиби хона дар Русия набудааст ва ин марди чинӣ кори муҳоҷиронро назорат мекардааст.

Парвина Абдуллоева, духтари холаи Шоира рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Русия касе надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр ҷасадҳоро аз сардхона (МОРГ) гирифта ба ватан фиристанд.

“Шоира аз шавҳараш дар Тоҷикистон ҷудо шуда буд. Инҷо омада дар хонаи марди сарватманди чинӣ кор мекард. Дар шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллӣ мехонд. Мехост, кор карда, пули таҳсилашро диҳад, лекин ҳамин ҳодиса шуд,”—гуфт ӯ.

Русия макони кори ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик аст. Солҳои ахир ба муҳоҷират рӯ овардани занон низ афзоиш ёфтааст. Бар асоси оморҳои расмӣ ҳудуди 80 ҳазор зани тоҷик барои кор ба Русия рафтаанд.

Фавти муҳоҷирон дар сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои тасодуфӣ зиёд сабт мешавад. Соле беш аз ҳазор тобути муҳоҷиронро ба ватан меоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG