Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба далели карантин ҳамаи мактабҳои Қирғизистон ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд


Дар робита ба густариш ёфтани бемориҳои гузарандаи вирусӣ ва зуком, ҳамаи мактабҳои Қирғизистон то рӯзи 24 декабр ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд. Дар ин бора рӯзи 15 декабр Нодира Жусупбекова, муовини вазири маориф ва илми Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дарсҳо ба таври онлайнӣ ба роҳ монда мешаванд.

Вазорати маориф хабар медиҳад, ки вазъият дар мактабҳои шаҳри Бишкек, вилоятҳои Чуй ва Таласс хуб нест. Дар ин минтақаҳо аз 17 то 30% хонандагон ба далели беморӣ ба мактаб намеоянд.

То рӯзи 15 декабр дар Қирғизистон 509 мактаб ва 168 боғча ба далели карантин баста шуданд.

Дар ҳафтаҳои охир теъдоди гирифторони бемориҳои гузарандаи вирусӣ ва зуком афзудааст. Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки то рӯзи 14 декабр 9 ҳазору 809 ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои вирусӣ ва зуком сабт шудааст. Наздики 70 дарсади гирифторон кӯдакони то 14-сола будаанд.

XS
SM
MD
LG