Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Русия ҷасади Раҳима Каримоваро ба наздиконаш додаанд


Раҳима Каримова. Аксҳоро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Раҳима Каримова. Аксҳоро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Мақомоти Русия ҷасади Раҳима Каримова, донишҷӯйи 21-солаи тоҷикро ба пайвандонаш додаанд.

Холааш, Азиза, гуфт, ӯро дар оромгоҳи Чехови вилояти Маскав мегӯронанд. Ҷасади Раҳима Каримова рӯзи 9-уми декабри имсол аз зери чархи қатор (поезд) дар Маскав ёфт шуд.

Иллати марги донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи геологии Маскав расман эълон нашудааст. Ба нақли наздикон, ӯ дар номае гуфтааст, "аз бадномсозӣ хаста шуд."

Азиза, холаи Раҳима Каримова, рӯзи 15-уми дебар ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш "қурбонии шантаж шуд". Ба иддаои ӯ, "як ҷавони тоҷик чеҳраи ӯро дар бадани урёни духтарони дигар часпонда, дар Инстаграм мегузошт." Мақомоти Русия дар ин маврид шарҳе надодаанд.

Наздикони Раҳима Каримова мегӯянд, он ҷавонро медонанд ва ному насабашро ба мақомоти Русия доданд. Дар айни замон, ба гуфтаи холааш, Раҳима Каримова дар номае навиштааст, "аз бадномсозӣ хаста шуду беҳтар аст, ки бимирад.”

"Пап (падар), мебахшед. Аз шумо чӣ қадаре узр пурсам, кам аст. Илтимос, аз ман розӣ шавед. Чанд бор гуфтед, ки сари маро хам кардед. Мебахшед Пап (падар), ба рӯи Шумо нигоҳ карда наметавонем," – навиштааст ӯ дар нома.

Чанд намунаи аксҳои нашршудаи Раҳима Каримова ба Радиои Озодӣ дастрас шуд. Як санҷиш нишон дод, ки дар аксари онҳо осори дасткорӣ ё монтаж дида мешавад.

Бо фаъол шудани ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадномсозӣ ё шантажи духтарон дар онҷо афзудааст. Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон борҳо аз боздошти ҷавононе хабар додаанд, ки бо бадномсозӣ мехостанд, аз занону духтарон пул ситонанд ё интиқом бигиранд.

XS
SM
MD
LG