Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав наздик ба 20 ғайрирусро "облава" кардаанд


Як сарбози артиши Русия
Як сарбози артиши Русия

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки наздик ба 20 ҷавонро дар Маскав зӯран ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Ба навиштаи созмони “Мемориал”, ки ҳодисаро пайгирӣ кардааст, бархе аз ин мардҳоро аз кӯча ва гурӯҳеро аз ҷои кору қаҳвахонаҳо боздошт кардаанд.

Кормандони пулис ҳангоми боздошт худро муаррифӣ накардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон инро “облава” номиданд, вале мақомот гуфтаанд, ки ҳодиса дар чорчуби “сафарбарӣ ба артиш” сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи созмон, пулис бештар афродеро боздошт кардаанд, ки чеҳраҳои ғайриславиянӣ доранд. “Ҳар нафаре, ки шаҳрвандии Русия доштааст, онҳоро бо худ ба ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд,”—гуфтааст, созмони "Мемориал".

Дар комиссариати ҳарбӣ гуфтаанд, ки аллакай ин гурӯҳи мардон дар маркази сафарбарӣ ба артиш ҳастанд.

Ҳукумати Русия эълон карда буд, ки сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш ба анҷом расидааст. Рӯзи 28-уми октябр Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, ба Владимир Путин, президенти ин кишвар, ҳисобот дода буд, ки тибқи нақша беш аз 300 ҳазор нафарро ба артиш ҷалб кардаанд.

Ҳарчанд, то кунун ҳеҷ қарори расмие дар бораи анҷоми сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш содир нашудааст. Рӯзи 1-уми ноябр даъвати ҷавонон ба артиш оғоз шуд ва он то рӯзи 31-уми декабр идома мекунад.

XS
SM
MD
LG