Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Бразилия аз Хорватия ва пирӯзии Аргентина ба Нидерланд


Ҷоми ҷаҳонии футбол. Бозии Нидерланд ва Аргентина
Ҷоми ҷаҳонии футбол. Бозии Нидерланд ва Аргентина

Баъди танаффуси дурӯза дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар 9-уми декабр ду бозии аввали даври чорякниҳоии мусобиқот баргузор шуд.

Нахуст дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Бразилия рақобат карданд. Хорватҳо баъди он ки аз гурӯҳ бо мушкилӣ баромаданд, дар 1/8 финал бо имтиҳони нав рӯбарӯ шуданд. Дар ин давра онҳо мунтахаби Ҷопонро танҳо аз рӯи силсилаи пеналтӣ мағлуб карданд.

Бразилиҳо бошанд, дар навбати худ аз марҳилаи гурӯҳӣ бидуни мушкилот гузаштанд ва дар марҳилаи аввали плей-офф тими Кореяи Ҷанубиро ба осонӣ шикаст доданд.

Натиҷаи бархӯрд дар чорякфинал аҷоиб шуд. Хорватия то замони изофа тоб овард, мубодилаи голҳо ба амал омад (1:1) ва бразилиҳо дар иҷрои зарбаҳои пеналтӣ ноком шуданд – 2:4.

Сипас тимҳои миллии Нидерланд ва Аргентина ба рақобат пардохтанд. Ҳолландихо пеш аз ин ягон мушкиле надоштанд: дар гурӯҳ ҷойи якумро гирифтанд ва дар 1/8 финал мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)-ро шикаст доданд.

Аргентиниҳо ҳарчанд мусобиқотро бо бохти ғайримунтазира ба Арабистони Саудӣ оғоз карданд, баъдан дар се бозӣ пайиҳам пирӯз шуданд. Лионел Месси ва шариконаш ин дафъа ҳам ғолиб омаданд, аммо ин осон набуд. Ҳолландиҳо дар охир ду гол зада, ҳисобро баробар карданд (2:2) ва тақдири роҳхат ба даври ниманиҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ ҳал шуд – 4:3 ба нафъи тими миллии Аргентина.

1/4 финал

Хорватия - Бразилия – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:2

Голҳо: 105+1` Неймар (0:1), 117` Петкович (1:1)

9 декабр.

Нидерланд - Аргентина - 2:2, аз рӯи пеналти – 3:4

Голҳо: 35` Молина (0:1), 73` Месси – аз пеналти (0:2), 83` Вегхорст (1:2), 90+11` Вегхорст (2:2)

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Хорватия дар нимфинали мусобиқот рӯзи сешанбе, 13-уми декабр, рӯбарӯ мешаванд.

Имрӯз, 10-уми декабр, ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ доир мегардад. Марокаш бо Португалия ва Фаронса бо Англия бозӣ мекунанд.

1/4 финал

10 декабр, шанбе

Чорякфинали 3: Марокаш - Португалия (20:00)

Чорякфинали 4: Фаронса - Англия (00:00)

1/2 финал

13 декабр, сешанбе

Нимфинали 1: Аргентина – Хорватия (00:00)

14 декабр, чоршанбе

Нимфинали 2: Ғолиби чорякфинали 4 - Ғолиби чорякфинали 3 (00:00)

Дар рӯйхати беҳтарин голзанҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе дар мақоми аввал аст. Баъди он ки ӯ дар бозии ҳаштякфиналӣ ба дарвозаи мунтахаби Лаҳистон ду гол зад, бо шумораи умумии голҳояш дар ин мусобиқот, ки ба панҷто расидааст, дар байни нишонзанҳо пешсафи ягона шуд. Аргентинӣ Лионел Месси бо чаҳор гол (дутоаш аз пеналтӣ) дар ҷойи дуюм аст.

Коди Гакпо аз дастаи Нидерланд, фаронсавӣ Оливйе Жиру, испаниягӣ Алваро Мората, португолӣ Гонсалу Рамуш, бразилӣ Ришарлисон, Маркус Рэшфорд ва Букайо Сака, ҳарду аз тими Англия, эквадорӣ Эннер Валенсия (яктоаш аз пеналти) сеголӣ задаанд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 58-тоаш баргузор шуд. 48 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 10 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳисоби рекордии ин мусобиқот дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Ғана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Натоиҷи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон – 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон – 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Ғана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 1:3

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1

Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ – 2:0

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика – 0:1

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1

Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 3:3

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Ғана − 2:3

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария – 1:0

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай – 2:0

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал – 1:2

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар – 2:0

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА – 0:1

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия – 3:0

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания – 1:0

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса – 1:0

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика – 1:2

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 0:2

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 1:2

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 0:0

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 2:4

Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 2:1

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Ғана – Уругвай − 0:2

Гурӯҳи H. Португалия – Кореяи Ҷанубӣ − 1:2

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария – 2:3

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 1:0

Натоиҷи бозиҳои 1/8-финалӣ

3 декабр, шанбе

1 - Нидерланд - ИМА – 3:1

2 - Аргентина - Австралия – 2:1

4 декабр, якшанбе

3 - Фаронса - Лаҳистон – 3:1

4 - Англия - Сенегал – 3:0

5 декабр, душанбе

5 - Ҷопон - Хорватия – 1:1, аз рӯи пеналти – 1:3

6 - Бразилия – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1

6 декабр, сешанбе

7 - Марокаш - Испания – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:0

8 - Португалия - Швейтсария – 6:1

1/4 финал

9 декабр, ҷумъа

Чорякфинали 1: Хорватия - Бразилия – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:2

Чорякфинали 2: Нидерланд - Аргентина - 2:2, аз рӯи пеналти – 3:4

10 декабр, шанбе

Чорякфинали 3: Марокаш - Португалия (20:00)

Чорякфинали 4: Фаронса - Англия (00:00)

1/2 финал

13 декабр, сешанбе

Нимфинали 1: Аргентина – Хорватия (00:00)

14 декабр, чоршанбе

Нимфинали 2: Ғолиби чорякфинали 4 - Ғолиби чорякфинали 3 (00:00)

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр, шанбе

Мағлуби нимфинали 1 – Мағлуби нимфинали 2 (20:00)

ФИНАЛ

18 декабр, якшанбе

Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2 (20:00)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG