Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба бародари мухолифи тоҷик иҷозаи тӯй надодаанд. ВИДЕО


Беҳруз Тағойзода, фаъоли мухолифи Ҳукумат
Беҳруз Тағойзода, фаъоли мухолифи Ҳукумат

Як фаъоли мухолифи ҳукумати Тоҷикистон иддао дорад, ки мақомоти тоҷик барояш шарт гузоштанд, ки агар аз фаъолиятҳояш даст накашад, ба бародараш иҷозаи баргузории туйро нахоҳанд дод.

Беҳрӯз Тағойзода, узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", ки дар Ютуб барномаи “Садои мардум”- ро барандагӣ мекунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ иҷоза надоданд, ки бародари ӯ маросими туйяшро баргузор кунад. Наздиконаш ба ӯ гуфтаанд, агар аз фаъолиятҳояш даст накашад ба онҳо иҷозаи баргузории ҷашнро намедиҳанд. Худаш ин кори мақомотро хилофи қонун номид.

Мақомот ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд. Беҳрӯз Тағойзода се сол аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти мақомоти тоҷикро танқид мекунад. Нисбат ба ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ парванда боз кардаанд.

Вай рӯзи 5-уми декабр дар як навори видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, падару модарашро "Кумитаи амнияти миллӣ барои сӯҳбат даъват карда, аммо баъдан онҳоро қабул накардаанд."

Хонаводаи ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон барои тӯйи арӯсии бародари ӯ, ки қарор буд рӯзи 11-уми декабр баргузор шавад, омодагӣ медиданд. Беҳрӯз Тағойзода мегуяд, вақте падару модараш барои дарёфти иҷозатномаи идораи танзим ва анъана ба ҷамоати “Роҳатӣ”-и ноҳияи Рудакӣ рафтанд, онҷо барояшон гуфтаанд, ки “Кумитаи амнияти миллӣ ҳаққи баргузор кардани маъракаи арусиро надод. Онҳо гуфтаанд, ки писараш Беҳруз аз барномаи “Садои мардум” даст кашад ва узрхоҳӣ кунад, онгоҳ ба гузаронидани туй иҷоза хоҳанд дод.” - афзуд, Тағойзода

Ба бародари мухолифи тоҷик иҷозаи туй надодаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Ин узви "Гурӯҳи 24" дар навори видеоӣ мегӯяд, ӯ фаъолияташро дар барномаи "Садои мардум" қатъ намекунад. “Ман дар мавқеи худ пойдорам ва медонам, ки рӯзе падару модарам мефаҳманд, ки ман мавқеи дурустро интихоб кардаам."

Дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва фишор ба хешовандони фаъолони мухолифонро хотима диҳад. Айни замон аз Иттиҳоди Аврупо ҳам даъват шудааст, ки онҳоеро, ки мухолифонро азияту озор медиҳанд, таҳти таҳрим қарор бидиҳанд.

Дар баёнияи муштараки Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи декабри соли гузашта нашр шуд, омадааст, “Мақомоти Тоҷикистон пайваста, аз аъзои оилаҳои фаъолони мухолифони муқими хориҷ ниқор мегиранд” ва ба ин васила мехоҳанд, мухолифону мунтақидонашонро хомӯш кунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Хонаи Озодӣ, ки дар Ню Йорк қароргоҳ доранд, рӯзи 27-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳукумат бояд “интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон”- ро бас кунад. Онҳо гуфтанд, даъвати хешовандони мухолифон ба идораҳои амниятӣ “интиқомҷӯӣ барои интиқод аз маҳдуд кардани озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон аст.”

Мақомот дар гузашта борҳо гуфтаанд, бо тундгароӣ мубориза мебаранд ва ба наздикони мухолифон кор надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG