Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае ба мактаби духтарона дар Покистон як тан кушта шудааст


Вазиристони ҷанубӣ яке аз ноҳияҳои ноамни қабиланишини Покистон аст.
Вазиристони ҷанубӣ яке аз ноҳияҳои ноамни қабиланишини Покистон аст.

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба як мактаби духтарона дар яке аз ноҳияҳои қабоилнишин ва ноороми Покистон як нафар кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Пулиси Покистон гуфт, ки ҳодиса рӯзи 1-уми декабр рух додааст ва фарди ҳалокшуда раҳгузар ва захмӣ посбони мактаб будааст. Дар ин бора Аъзам Варсак, сардори пулиси ноҳияи Вазиристони Ҷанубӣ ва маҳалли ҳодиса ба бахши покистонии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба қавли Аъзам Варсак неруҳои амниятӣ барои маҳви ҳамлавар оташи ҷавоби кушодаанд, вале ӯ фирор кардааст. То кунун гуруҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале чанде пеш Толибони Покистон гуфтанд, ки дигар созиши оташбас бо ҳукуматро риоят намекунанд.

XS
SM
MD
LG