Дар таркише дар як мактаби динии шаҳри шимолии Айбаки Афғонистон дастикам 10 шогирди он кушта шуданд. Абдулнафӣ Такур, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) гуфт, бар асоси иттилои пешакӣ, дар таркиши 30 ноябр дастикам даҳ талаба куштаву чанд нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи волии Самангон гуфт, шумори кушташудаҳо 15 нафар аст ва манбаъҳои дигар гуфтанд, кушташудаҳо дастикам 16 нафар ва маҷрӯҳон 27 нафар мебошанд. Як манбаи беном ба РАО/РО гуфт, ки таркиш метавонист кори дасти маргталабе бошад. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.