Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қазоқистон худ имконият надорад". Песков гуфт, иттиҳоди нав чӣ кор мекунад


Дмитрий Песков.
Дмитрий Песков.

Пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин дар бораи таъсиси "иттиҳоди газ" бо Қазоқистону Узбекистон миёни се кишвар баррасӣ мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кремл Дмитрий Песков рӯзи 29-уми ноябр хабар дод.

Як рӯз баъди сафари расмии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба Русия, Песков гуфт, идеяи Путин аз он иборат аст, ки интиқоли газ миёни се кишвар ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, бояд "ҳамоҳанг" шавад.

Песков гуфт, ки вилоятҳои шимолии Қазоқистон аз гази табиии Сибири Русия вобастагӣ доранд ва ба ҳамин хотир гирифтани гази бештар аз Русия барои Қазоқистон муфид аст. Ба гуфтаи намояндаи Кремл, ин нақша ба Остона "миллиардҳо доллар" сарфакорӣ меорад.

"Қазоқистон онҷо худ имконият надорад. Ҳамагӣ ду гузина мавҷуд аст: ё аз Русия газ бигирад ва талаботи шимоли Қазоқистонро таъмин кунад ё маблағи ҳангуфт харҷ карда, лӯлаи нав кашад", - афзуд Песков.

Русия содиркунандаи азими гази табиӣ аст, дар ҳоле ки истихроҷи газ дар Қазоқистону Узбекистон танҳо барои пӯшонидани талаботи дохилӣ кифоят мекунад.

Қазоқистону Узбекистон бо Русия лӯлаи муштарак доранд, ки тариқи он метавон, гази Туркманистонро ба Чин интиқол дод.

Москва интиқоли гази табииро ба Чин бештар кард, зеро кишварҳои аврупоӣ кам кардани вобастагии худро аз гази табиии Русия шуруъ карданд. Тасмими камсозии вобастагӣ баъди он гирифта шуд, ки Русия ба Украина ҳамлаи густардаро оғоз кард.

XS
SM
MD
LG