Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бадани Саакашвилӣ моддаи заҳрноки арсен ёфтаанд


Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон
Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон

Шалва Хачапуридзе, вакили мудофеи Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон гуфт, дар бадани вай моддаи заҳрноки кимиёвии арсен ёфтаанд.

Хачапуридзе гуфт, яке аз заҳршиносони Амрико натиҷаҳои ташхиси тиббии Саакашвилиро меомӯзад.

"Мо ҳанӯз ташхиси нохунҳои ӯро нагирифтем, аммо ба воситаи телефон хабар доданд, ки моддаи заҳрноки арсен ошкор шудааст," -- гуфт вакили мудофеъ.

Саакашвилӣ дар Гурҷистон зиндонӣ аст.

Пештар аз ин Саакашвилӣ борҳо дар зиндон бистарӣ шуд. Вай дар зиндон адои муҳлати шашсола мекунад. Ӯро бо айби суистифода аз мақоми хидматӣ зиндонӣ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG