Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳарзодаи Хоманаӣ ҳукумати Эронро "ситамгар" номиду дастгир шуд. ВИДЕО


Фарида Муродхонӣ
Фарида Муродхонӣ

Фарида Муродхонӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва хоҳарзодаи раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, баъди даъваташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи ҳама гуна иртибот бо мақомоти ин кишвар боздошт шуд.

Дар ин бора хабаргузории CNN, Reuters ва Франс-Пресс бо такя ба бародари Фарида - Муҳаммад Муродхонӣ, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, хабар доданд.

Бародари Фарида видеоеро нашр кард, ки хоҳараш пеш аз боздошти худ, рӯзи 23-юми ноябри имсол, сабт кардаааст.

Ӯ дар навор мегӯяд: "Интизор он аст, ки Созмони Милал ва тамомии созмонҳое, ки арзиш ва эътибори худро аз ҳадафи озодӣ ва адолат барои тамоми башарият мегиранд... дар қиболи ҷиноёти урён ва ҳавлноке, ки дар Эрон бар алайҳи занон, мардон ва кӯдакон дар ҷараён аст, даст аз бетафовутӣ бардошта, аз ин одамкушӣ ва наслкушии ваҳшатнок ҷилавгирӣ намоянд."

Хонум Муродхонӣ афзудааст: "Эрониёни озод ва диловар худ ин режими худкома ва ситамгарро сарнагун хоҳанд кард. Ончи мавриди ниёз аст, адами ҳимоят аз режимест, ки... ҳазорон эрониро ба қатл расонд ва ҷаҳон танҳо назорагар буд. Ин фоҷеа ва фоҷеаҳои мушобеҳ лаккаи нангест бар пешонии башарият. Ҳоло замон фаро расидааст, ки кишварҳои озодиҳоҳ ба унвони ҳаракати намодин ва рамзӣ тамоми намояндагони худро аз Эрон фаро бихонанд ва намояндагону вобастагони ин режими саффок (хунрез, одамкуш; золим, бераҳм)-ро аз кишварҳои худ ихроҷ намоянд."

Фарида ва Маҳмуд Муродхонӣ фарзандони руҳонии маъруфи мухолифи эронӣ Алӣ Теҳронӣ мебошанд, ки моҳи октябри имсол даргузашт. Ӯ бо хоҳари Хоманаӣ издивоҷ карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG