Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимол Русия аз УЕФА ба КФО гузарад


Александр Дюков
Александр Дюков

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Русия (ФФР)эҳтимол дар ҷаласаи ояндаи худ масъалаи гузаштани ин кишвар аз УЕФА (Созмони футболи Аврупо)-ро ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баррасӣ кунад.

Дар ин бора раиси кумитаи иҷроияи ФФР Александр Дюков рӯзи якшанбе, 27-уми ноябр, ба рӯзноманигорон хабар дод. "Боварӣ надорам, ки тасмиме гирифта мешавад, аммо вазъ бояд баррасӣ шавад", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Дюков, чанд моҳ пеш худи ӯ бовар дошт, ки дар бораи гузаштан ба КФО ҳарф задан “барвахт” аст, аммо ҳоло зарурати баррасии он пеш омадааст. Дюков, афзуда, ки ӯ то ҳол бо намояндагони кишварҳои Осиё дар бораи шомилшавии эҳтимолии Русия суҳбат накардааст, зеро УЕФА бо вуҷуди хориҷ кардани дастаҳои Русия ин кишварро "узви оилаи аврупоӣ" медонад.

Расонаҳо ахиран дар бораи эҳтимоли гузариши Русия аз УЕФА ба КФО навиштанд ва Дюков рӯзи якшанбе бори аввал дар ин бора расман изҳори назар кард. Сармураббии тими мунтахаби Русия Валерий Карпин гуфтааст, ки зидди идеяи гузариш ба КОФ нест.

Русия ҳамчун узви КФО эҳтимол дорад, ки дар бозиҳои расмӣ таҳти сарпарастии он ширкат кунад. Ба фарқ аз Аврупо, бештари кишварҳои осиёӣ дар ҷанги Украина мавқеи бетарафро ишғол кардаанд ва аз эҳтимол дур аст, ки мунтахаби Русияро аз мусобиқаҳо ихроҷ кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG