Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Толибон дар Дайкундӣ ду кӯдак кушта шудаанд


Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба як деҳае дар вилояти Дайкундӣ камаш 9 нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.

Бахши дарии Радиои Озодӣ бо такя ба қавли яке аз хешовандони оилаҳои осебдида теъдоди кушташудагонро 11 нафар гуфтааст.

Ҳамла рӯзи 25-уми ноябр дар деҳаи Сивок Шибар рух додааст, ки онҷо ақаллиятҳои ҳазора ҳам зиндагӣ мекунанд.

Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал гуфтааст, кӯдакони ҳалокшуда аз 1 то 14-сола буданд.

Толибон гуфтаанд, ки ба гуфтаи худашон як гуруҳи ёғиёнро куштаанд.

Созмони Афви Байнулмилал дар гузашта Толибонро ба ҳадаф гирифтани ақаллиятҳои ҳазора, ки шиамазҳаб ҳастанд, муттаҳам кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG