Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад: "Тиккаҳои ҷасади фарзандамро ҷамъ овардам" ВИДЕО


Барчидани минаҳо дар Украина
Барчидани минаҳо дар Украина

Бино ба як гузориши тозаи Корзори Байналмилалии Манъи Истифодаи Минаҳои Заминӣ имсол фақат Русия ва Мянмар аз ин навъи аслиҳаи хатарноку кушанда истифода бурдаанд. Ҳар сол дар ҷаҳон ҳазорон нафар бар асари таркиши ин навъи минаҳо куштаву захмӣ мешаванд ва бисёре аз онҳо кӯдакон ҳастанд.

Оксана Баландина парастори 23-солаи украинӣ, ки аз ҳарду пояш маҳрум шуд, бо дӯстдоштааш Виктор Василев дар шифохонаи шаҳри Лвов издивоҷ кард. Ӯ моҳи март рӯи минае пой гузошт, ки неруҳои Русия дар зодгоҳаш шаҳри Лисичанск монданд. Оксана яке аз 270 нафарест, ки ҳамин сол дар Украина дар натиҷаи таркиши минаҳо маъюб ва ё кушта шудаанд.

Баъди ҳамла ба Украина дар моҳи феврал неруҳои Русия дар манотиқи васеъе мина коштаанд. Мери Акопян, муовини вазири умури дохилии Украина: “200 000 километри мураббаъ қаламрави мо тафтиш ва аз мина пок карда нашудааст.”

Имсол танҳо Русияву Мянмар аз минаҳои заминӣ истифода бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Бар асоси гузориш, Русия сарзамини Украинаро аз роҳҳои гуногун ва аз ҷумла дастӣ минакорӣ кардааст. Мери Вейрҳам, аз муаллифони Гузориши Назорати Минаҳо-2022 ва тозаи Корзори Байналмилалии Манъи Истифодаи Минаҳои Заминӣ мегӯяд: “Неруҳои Русия аз замони таҷовуз ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал, камаш 7 навъи минаҳои заминиро ба кор бурдаанд. Далели истифодаи бомбҳои худсохт низ ҳаст. Истифодаи ҳамаи онҳо бар асоси аҳдномаи байналмилаӣ манъ аст.”

Артиши Мянмар минаҳои заминиро даҳсолаҳост истифода мебарад.
Мери Вейрҳам, аз муаллифони Гузориши Назорати Минаҳо-2022: “Неруҳои Мянмар истифода аз минаҳои заминӣ дар атрофи манораҳои мавҷгир, лӯлаҳо, дигар иншооти энержиро зиёдтар кардаанд. Дигар гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриҳукуматӣ дар кишвар низ.”

Минаҳои заминӣ то ҳол дар 60 кишвари ҷаҳон мунтазири қурбонии навбатӣ ҳастанд. Соли 2021 дар ҷаҳон 5500 нафар ҷабри ин силоҳро чашидаанд, бештар аз 2000 ҳазор нафарашон ҷон додаанд. Нисфе аз қурбониёну захмиён кӯдакон будаанд.

Талафоти аз ҳама зиёдро Сурия додааст ва 1200 нафар. Дар Афғонистон бештар аз 1000 кас куштаву захмӣ шудаанд. Аҳмад-ал Маруа, писари 9-солааш Муродро моҳи январ аз даст дод. Ӯ ҳангоми ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ дар соҳили баҳр дар наздикии шаҳри Ҳудайдаи Яман рӯи мина пой гузоштааст.

Аҳмад-ал Маруа: “Ман тиккаҳои ҷасади ӯро ҷамъ оварда ба Идораи тафтишот бурдам. Ӯро нашустам ва ба хок насупурдам. Фақат дар як халтаи пластикӣ зери хок кардам.”

Бар асоси Аҳдномаи Манъи Минаҳо 94 кишвар бештар аз 55 миллион дона минаҳои худро нобуд кардаанд. Аммо аслиҳаи ноаёну зери хок, ҳамчунон дар кишварҳои раҳошуда аз ҷанг ҳам мардумро зери хок мебарад ва ё маъюбу маълул мекунад.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 800 мина безарар гардонда шудааст. Ин миқдор минаро дар ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва Рашт ошкор намуданд. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, минтақаҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ минакорӣ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG