Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду паҳлавони шинохтаи тоҷикро барои душаҳрвандӣ ҷазо додаанд


Муллораҷаб Халифаев дар мусобиқаи бонуфузи шаҳри Боку медали нуқра гирифт.
Муллораҷаб Халифаев дар мусобиқаи бонуфузи шаҳри Боку медали нуқра гирифт.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) варзишгарони тоҷик Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидовро барои душаҳрвандӣ дар системи ин ниҳоди ҷаҳонӣ муҷозот кардааст.

Муллораҷаб Халифаев қаблан дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешуд, Русияро намояндагӣ мекард ва дар системи IJF номи ин кишвар сабт шудааст. Аммо баъдан дар мусобиқоти IJF аз номи Тоҷикистон иштирок кардааст, ки ин боиси нигаронии Федератсияи ҷудои Русия гардидааст.

Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ чанд бор Озарбойҷонро муаррифӣ карда, дар низоми IJF номи ин кишвар сабт шудааст. Вале баъдан дар мусобиқоти байналмилалӣ боз аз номи Тоҷикистон ширкат меварзид, ки ин ҳолатро системи IJF ошкор намудааст.

Бар асоси дастури Федератсияи байналмилалии ҷудо ба варзишгароне, ки душарҳвандӣ доранд, иҷоза дода намешавад, ки дар мусобиқоти IJF ширкат кунанд. Бинобар ин, ҳарду варзишгари тоҷик барои вайрон кардани дастури Федератсияи байналмилалии ҷудо огоҳӣ гирифта, имтиёзҳои бадастовардаашон дар раддабандии IJF бекор гардид.

Дар ин бора Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол кардааст.

Масъулини ҷудои тоҷик мегӯянд, сабаб танҳо хатои техникӣ ё фаннӣ дар системи бақайдгирии Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳанд кард.

Зимнан, Муллораҷаб Халифаев чанд рӯз пеш барои гирифтани медали нуқра дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” бо ҷоизаи молии шаҳрдории Душанбе ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуда буд.

XS
SM
MD
LG