Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижа дар Душанбе: "Дар муҳоҷират пазмон мешавӣ" ВИДЕО


Манижа Сангин
Манижа Сангин

Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, ки ҷанги Маскавро дар Украина маҳкум кард, рӯзи 24-уми ноябр барномаи нахустини ҳунарияшро дар Душанбе барпо намуд.

"Салом, дӯстон. Ҳоло мегирям. Ташаккур, ки омадед. Ин консерти нахустинам дар Душанбе аст. Солҳо дар муҳоҷират пазмон мешавӣ... аз пушти ҷангу ҳама чизи дигар... Хушҳолам, ки имрӯз дар ин ҷо ҳастам. Шодам, ки Шуморо мебинам," – гуфт ӯ дар оғози барнома.

Наворро дар инҷо бинед:

Барномаи нахустини Манижа дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Ин овозхони тоҷики муқими Русия ба ҷанги Маскав дар Украина бо таронаи "Soldier" ("Сарбоз") мухолифат кард. Дар натиҷа, мақомот дар Русия дарҳои худро ба ҳунарнамоии ӯ бастанд. Консерташ моҳи июл дар Маскав манъ шуд. Манижа гуфт, "садоро хомӯш карда намешавад" ва рӯ ба шабакаи YouTube ва консертҳои хориҷӣ овард.

Манижа Сангин соли 2021 дар шароити сахт ва ҳамлаҳои густурдаи миллатгароёна дар Русия, ин кишварро дар озмуни байнулмилалии “Евровидение” намояндагӣ кард.

Манижа Ҳамроева, ки ҳоло тахаллуси Сангинро гирифтааст, соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии Душанбе ва падари пизишк ба дунё омадааст.

Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки ба Маскав бикӯчад. Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, вале баъдан бо исми худ ҳунарнамоӣ кард.

Дар баробари ҳунарнамоӣ, Манижа созмони иҷтимоии "Силсила"-ро роҳандозӣ кардааст, ки мегӯяд, ҳадафаш мадад ба қурбониёни хушунати оилавӣ мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG