Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги модару духтар аз заҳролудшавӣ дар Суғд. ВИДЕО


Хонаи Каримовҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Хонаи Каримовҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохта, шаш нафари дигар зери назорати пизишкон ҳастанд. Мақомот гуфтанд, онҳо узви як оилаанд.

"Худашон омода карда буданд"

Хонаводаи Каримовҳо дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов мотам доранд. Умриннисо Каримоваи 58-сола ва духтараш, Муҳаррам Каримоваи 30-сола, рӯзи 23-юми ноябр аз заҳролудшавӣ фавтиданд.

Равшанбек Зарифов, яке аз наздиконашон, рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз консерваи худсохт, ки тобистони имсол омода карда буданд, заҳролуд шуданд.

"Занҳо имсол 30 қуттии меваю сабзавот омода карда буданд. То ин дам чандеашро хӯрданд. Чизе нашуд. Қуттии охирин онҳоро бемор кард. Ҳамаашро дар як дег ва дар як ҷой омода кардаанд. Дар дохилаш помидору боимҷон ва булғорӣ буд," – нақл кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҳалокати ду нафар аз заҳролудшавӣ дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Ҳашт узви оилаи Каримовҳо рӯзи 11-уми ноябри имсол баъд аз хӯрдани консерваи худсохт бемор шуда, рӯзи 13-уми ноябр дар ҳолати вазнин дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов бистарӣ гардиданд.

Ду нафари онҳо пас аз даҳ рӯз, яъне 23-юми ноябр, дар шуъбаи эҳё фавтида, чор нафари дигар дар бистари беморӣ ҳастанд. Ду узви дигари оила шифо ёфта, ба хона баргаштанд, вале зери назорати табибон мемонанд.

Заҳролудшавии аъзои як оила дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Заҳролудшавии аъзои як оила дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

"Ҳасибак" (ботулизм"

Ҳайитбой Каримов яке аз беморон, аломатҳои касалиро чунин номбар кард: "Рӯзи ҷумъа, 11-уми ноябр, сабзавоти консервашуда хӯрдем. Шабона дилам беҳузур шуд. Ба берун баромадам. Сарам чарх мезад. Қай кардам. Дигар хоб рафта натавонистам. То субҳ қай кардам. Дертар ба беморхона рафтем."

Пизишкон ин бемориро “ҳасибак” ё ба истилоҳи маъмул “ботулизм” меноманд. Ба гуфтаи онҳо, беморони дигар ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд ва таҳдиде ба ҷонашон нест.

Ба қавли Абдуғаффор Темиров, пизишки бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов: “Аз ҳолати хеле вазнин баромаданд. Ҳоло ҳолати вазнини миёнаро аз сар мегузаронанд. Беҳбудӣ ҳаст ва ниёз ба нафасдиҳии сунъӣ надоранд. Худашон нафас кашида истодаанд. Дигар узвҳои ҳаётан муҳимашон нағз аст.”

Бори аввал нест, ки аъзои хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз заҳролудшавӣ аз консерваҳои худсохт мевафтанд. Бахше аз мардум ба сабаби гарону камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, ин маҳсулотро дар фасли тобистон ва дар шакли консерва захира мекунанд.

Мутахассисон мегӯянд, агар консерва то андозае мушкили захираи ғизоро ҳал мекунад, хатар ҳам дорад. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати риоя нашудани меъёри тозагӣ ва истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузараду ғизои хушхӯр ба заҳр табдил хоҳад ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG