Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавӣ дар Фархор. Ду кӯдак ҷон бохт ва се тан бистарӣ шуд. ВИДЕО


Бар асари заҳролудшавӣ аз як гиёҳи заҳрогин дар яке аз пахтазорҳои ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор, ду кӯдак фавтида ва се тани дигар бистарӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи шанбеи 28-уми сентябр рух додааст.

​Раҷабалӣ Қурбонов, сартабиби беморхонаи ноҳияи Фархор рӯзи 1-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари ин ҳодиса Азизулло Сафарови шашсола ва Сумайя Сафароваи ҳаштсола ҷон бохта, се кудаки дигар айни ҳол дар бемористони Қаряи Болои Душанбе зери муроқибати табибон қарор доранд. Вазъи саломатии ин се нафар вазнин арзёбӣ мешавад.

Раҷабалӣ Қурбонов ҳамзамон гуфт, ки таркиби заҳри гиёҳ ва хуни хурдсолони фавтидаро ҳамакнун барои ташхис ба Душанбе фиристоданд. Наздикони Азизуллоҳ Сафаров ва Сумайя Сафарова низ гуфтанд, ки онҳо дар пахтазор донаи як гиёҳро истеъмол карда ва масмум шудаанд.

Ин бори аввал нест, ки хонаводаҳо аз заҳролудшавӣ дар ин минтақа мефавтанд. Аз ҷумла, дар моҳи августи соли ҷорӣ ду узви як хонавода дар Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохта, ду тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Табибон он замон гуфтанд, ки ин чаҳор сокини деҳаи Пистамазори ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб аз истеъмоли хӯрок заҳролуд шудаанд.

Соли 2016 низ се узви оилаи Одинаеваҳо дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ фавтида буданд.

Ҷузъиёти марги ду кӯдак аз заҳролудшавӣ дар Фархор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG