Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тартиби гирифтани изи ангуштро аз хориҷиҳо дигар мекунад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сарраёсати умури муҳоҷират дар Русия хабар додааст, ки ҳамроҳи ниҳодҳои дигар тартиби гирифтани изи ангушт аз шаҳрвандони хориҷиро дар гузаргоҳҳои назоратӣ таҳия доранд.

Валентина Казакова, раҳбари Сарраёсати умури муҳоҷират гуфтааст, тартиби гирифтани изи ангушти шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар гузаргоҳҳои назоратӣ ба Русия сурат гирад, на дар Идораи хадамоти муҳоҷират.

Хабаргузории русии "Regnum" аз қавли Казакова навиштааст, шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 6 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 3 миллион нафарашон муҳоҷирони корӣ, 400 ҳазор нафар донишҷӯён ва 750 ҳазор нафари дигар шаҳрвандони муваққатӣ ва доимии кишварҳои дигар мебошанд.

Ӯ гуфтааст, гирифтани изи ангушт аз шаҳрвандони хориҷи "тартиби хеле муҳим аст ва дар оянда зарур аст, ки ҳамаи ин дар гузаргоҳҳои назоратӣ анҷом дода шавад".

Қаблан тарҳи қонун дар бораи шароити вуруду хуруҷ, будубош ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба ҳукумат пешниҳод шуда буд. Он усулҳои назорат аз болои шаҳрвандони хориҷӣ ва тағйири низоми муҳоҷиратро дар бар мегирад.

Феълан онҳое, ки ба муддати беш аз 90 рӯз ба Русия меоянд, бояд акс гирифта, изи ангуштонро супоранд. Мақомоти рус шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ду миллион, вале ҷониби Тоҷикистон 600 ҳазор нафар медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG