Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба Додгоҳи Душанбе кашиданд


Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори зиндонии тоҷикро баррасӣ хоҳад кард.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт моҳи октябр Далери Имомалиро ба 10 ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 сол зиндон маҳкум кард. Рӯзноманигорон бо ҳукм розӣ нестанд ва бозбинияшро хостаанд.

Мурофиа ва ҳукми Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ мавҷи танқиди кишварҳои Ғарб ва созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро ба миён овард. Онҳо ин ҳукмҳоро ҳамла ба озодии баён дар Тоҷикистон номиданд.

Саъдулло Қаюмзода, вакили мудофеи Далери Имомалӣ, рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз маводи парвандаро аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристанд. Ҳафтаи оянда мурофиаро таъин мекунанд."

Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳам гуфт, “додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристад.”

Акнун Додгоҳи пойтахт тасмим мегирад, ки ҳукми зиндони ду рӯзноманигорро дигар кунад ва ё бидуни тағйир монад. Дар сурати бетағйир мондан, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба иҷро медарояд ва ду рӯзноманигорро аз боздоштгоҳ ба зиндон хоҳанд бурд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр ва Далери Имомалӣ 17-уми октябри имсол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳардуи онҳо моҳҳои охир якҷоя дар бораи мушкили мардум ва бархурди мақомот барои Ютуб гузориш омода мекарданд. Моҳи июн дастгир шуданд.

Додгоҳ Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гуруҳҳои мамнуъ айбдор карданд. Ҳарду рӯзноманигор айбномаро рад кардаанд.

"Таътил" дар мурофиаи Пирмуҳаммадзода

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшуда, рӯзи 22-юми ноябр гуфтанд, мурофиаи додгоҳии ӯ феълан боздошта шудааст. Кӯшишҳои мо барои пайдо кардани вакили мудофеъ бенатиҷа буд.

Пирмуҳаммадзода пештар дар номае аз боздоштгоҳ навишт, ӯро шиканҷа кардаанд, то гуноҳи накардаашро ба дӯш гирад. Масъулони Додситонии кул гуфтанд, дар ин бора шикоят нагирифтанд.

Саидаминиро дидаанд, вале...

Наздикони Завқибек Саидаминӣ, яке дигар аз хабарнигорони зиндонӣ, гуфтанд, ҳафтаи гузашта ӯро диданд. Пайвандонаш тафсилоти вохӯриро нагуфтанд ва маълум нест, ки рӯзноманигор дар бораи ҳукмаш чӣ гуфтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 3-юми ноябр Завқибек Саидаминиро ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” ба 7 сол зиндон маҳкум кард. Саидаминӣ дар сухани охиринаш иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ гуфта буд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон 7 хабарнигору блогерро дастгир ва қисмеро ба зиндон маҳкум карданд. Ин тасмим танқидҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба бовар овард. Мақомоти Тоҷикистон ба даъватҳо барои озодии рӯзноманигорон то ҳол посух надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG