Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон ба Фаронса сафар кард


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми ноябр бо сафари расмӣ вориди шаҳри Порис (Париж) шуд.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабар додааст, ки Мирзиёев бо ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ ва масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад.

Имзои 14 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг, авиатсияи шаҳрвандӣ, хадамоти давлатӣ ва мубориза бо коррупсия дар назар аст.

Сафар бо даъвати президенти Фаронса анҷом мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG