Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз бӯсобӯсӣ то "душмани Худо". Эътирозу эъдом дар Эрон. ВИДЕО


Акси бӯсобӯсии як ҷуфти ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоии Эрон таваҷҷуҳи корбарони зиёдро ҷалб кардааст. Коре, ки дар ҷойҳои ҷамъиятии ин кишвар мамнуъст.

Тасвир маҳз ҳамон рӯзе нашр шуд, ки дар робита ба эътирозҳои охир нафари дуюм ба эъдом маҳкум гашт.

Додгоҳи инқилобии Ҷумҳурии Исломӣ таъкид кардааст, ки маҳкумшуда “душмани Худо” буда, “дар ошӯбҳо саҳм дошт”.

Видеоро дар инҷо бинед:

Бӯса. Тасвире зидди эъдоми норозиён дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки ҳамлаи полисро ба мардум дар метрои Теҳрон нишон медиҳад.

Дар навори дигар зане дар дохили метро намоён мешавад, ки ҳиҷобашро оташ зада, издиҳоми бузург шиори эътирози охирро такрор менамояд.

Эътирозҳои охир баъди аз марги Маҳсо Аминии 22-сола дар боздоштгоҳ шуруъ шуд. Полиси ахлоқ ӯро барои напӯшидан ва ё нодуруст пӯшидани ҳиҷоб ба ҳабс гирифта буд.

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия, мегӯяд, 15-уми ноябр шумори бузурги эътирозгарон кушта шудаанд. Ин гурӯҳ бар пояи маълумоти гуногун гузориш медиҳад, ки дар эътирозҳо беш аз 300 кас ба қатл расид.

16-уми ноябр дар корхонаи зӯби оҳан ё оҳангудозии Исфаҳон раҳпаймоии эътирозӣ идома ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG