Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошиев ба вакилон дар бораи буданаш дар Душанбе маълумот дод


Қамчибек Тошиев
Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 17-уми ноябр дар ҳузури вакилони мардумӣ аз ҷараёни музокирот дар бораи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон суҳбат кард.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, чанде пеш дар Душанбе буд ва ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ кард, вале ҷузъиёте надод.

Ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории марз рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ду тараф гуфтанд, ки ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардаанд.

Вакилони мардумии Қирғизистон рӯзи панҷшанбе тарҳи Қонунро дар бораи тасвиби созишномаи марзӣ бо Узбекистон баррасӣ карданд. Тошиев дар бораи ҷараёни музокирот бо Тоҷикистон дар ҳамин ҷаласа суҳбат кард.

Тоҷикистону Қирғизистон садҳо километр марзи худро таъйину аломатгузорӣ накардаанд ва ҳамин сол низоъ дар сарҳади байни ду кишвар сабаби марги на камтар аз 200 нафар аз ҳарду тараф шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG